Тренингҳо

  • Курс оид ба БМТ
  • Курс дар хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он
  • Курси омӯзиш барои тренерҳо
image

Курс оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда

Безараргардонии муҳимои тарканда аз ошкорсозӣ, муайянсозӣ, баҳодиҳӣ, безиёнсозӣ, баровардан ва нобуд кардани муҳимоти тарканда (МТ) иборат аст. Дар маҷмуъ, барномаи омӯзишии БМТ аз панҷ курси пайдарпай, шуруъ аз БМТ сатҳи то ду курси тахассусси БМТ Сатҳи 3+, иборат аст.

Муфассал
 
image

Курс оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он

Огоҳӣ аз хатари таркиш (ХТ) ва коҳиш додани хавфҳои он аз амлҳое иборат аст, ки эҳтимолият ё шиддати зиёни ҷисмонӣ ба одамон, амвол ва муҳити атрофро коҳиш медиҳад. Курс оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш (ХТ) ва коҳиш додани хавфҳои он ба пешниҳод намудани дониш, малакаҳо ва тарзи амал равона шудааст, ки ба дарк ва тағйирёбии рафтори шахсони таҳти хавф қарордошта (гурӯҳҳои ҳадафманд) мусоидат менамояд.

Муфассал
 
image 

Курси омӯзиш барои тренерҳо

Курси омӯзиш барои тренерҳо (ТоТ) барои омода намудани тренерҳо аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо мақсади гузаронидани омӯзиш оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он пешбинӣ шудааст. ТоТ фароҳам овардани фаҳмиши усулҳо ва меӣодикаҳои мушаххаси таълим ва омӯзиши калонсолон ва инчунин, тарҳрезӣ, арзёбӣ ва рушди минбаъдаи чорабинии омӯзиширо барои тренерҳои оянда фароҳам меорад.

Муфассал
 

САҲА семинари минтқавӣ оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда дар Осиёи Марказиро дастгирӣ намуд

Алмаато, 25 августи 2015 – Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон семинари чоррӯзаи минтақавӣ оид ба Безараргардонии муҳимоти тарканда - Стаҳи Чорум оғоз гашт.

Тақрибан 40 нафар коршиносони низомӣ ва шаҳрвандӣ аз Афғонистон, Қаоқистон, Қирғизистон, Словения, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Британиаяи Кабир ва Иёлоти Муттаҳида амалиёҳои пешрафта оид ба бесилоҳгардонӣ, ҳамлу нақли аслиҳа, идоракунии захираҳо ва нобудсозии аслиҳаианъанавӣ ва дастурҳои техникии байналмилалӣ оид ба аслиҳаро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи чорабинӣ, боздид аз Маркази бесилоҳгардонии Арис дар наздикии шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон пешбинӣ шудааст.

Муфассал...

Бо дастгирии САҲА дар Тоҷикистон гурӯҳи дуюми омӯзгорони соҳаи безараргардонии муҳимоти тарканда омӯзонида шуд

Душанбе, 10 июли 2015 – Имрӯз дар Душанбе курси омӯзишии ҳаштрӯза оид ба сатҳи сеюми безараргардонии муҳимоти тарканда анҷом ёфт, ки бо мусоидати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои иштирокчиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст.

Дар курси омӯзишӣ ҳаждаҳ нафар намояндагони қуваҳои мусаллаҳи миллӣ, мақомоти мубориза алайҳи минаҳо ва ожонсиҳои мусоидаткунанда аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок карданд. Ҳамин тариқ, дар минтақа гурӯҳи дуюми омӯзгороне, ки тибқи стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо сертификатсия шудаанд, омӯзиши худро хатм намуданд.

Муфассал...

Чорабиниҳо

Ноябр 2017
Д С Ч П Ҷ Ш Я
30 31 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 1 2 3

Сабти ном