Тренингҳо

  • Курс оид ба БМТ
  • Курс дар хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он
  • Курси омӯзиш барои тренерҳо
image

Курс оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда

Безараргардонии муҳимои тарканда аз ошкорсозӣ, муайянсозӣ, баҳодиҳӣ, безиёнсозӣ, баровардан ва нобуд кардани муҳимоти тарканда (МТ) иборат аст. Дар маҷмуъ, барномаи омӯзишии БМТ аз панҷ курси пайдарпай, шуруъ аз БМТ сатҳи то ду курси тахассусси БМТ Сатҳи 3+, иборат аст.

Муфассал
 
image

Курс оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он

Огоҳӣ аз хатари таркиш (ХТ) ва коҳиш додани хавфҳои он аз амлҳое иборат аст, ки эҳтимолият ё шиддати зиёни ҷисмонӣ ба одамон, амвол ва муҳити атрофро коҳиш медиҳад. Курс оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш (ХТ) ва коҳиш додани хавфҳои он ба пешниҳод намудани дониш, малакаҳо ва тарзи амал равона шудааст, ки ба дарк ва тағйирёбии рафтори шахсони таҳти хавф қарордошта (гурӯҳҳои ҳадафманд) мусоидат менамояд.

Муфассал
 
image 

Курси омӯзиш барои тренерҳо

Курси омӯзиш барои тренерҳо (ТоТ) барои омода намудани тренерҳо аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо мақсади гузаронидани омӯзиш оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он пешбинӣ шудааст. ТоТ фароҳам овардани фаҳмиши усулҳо ва меӣодикаҳои мушаххаси таълим ва омӯзиши калонсолон ва инчунин, тарҳрезӣ, арзёбӣ ва рушди минбаъдаи чорабинии омӯзиширо барои тренерҳои оянда фароҳам меорад.

Муфассал
 

САҲА курси мимтақавии БМТ-ро барои мутахассисони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дастгирӣ намуд

ДУШАНБЕ, 24 октябри соли 2014 – Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе курси дуҳафтаинаи минтақавӣ оид ба безараргардонии муҳиммоти тарканда (БМТ) ба кори худ хотима бахшид, ки бо мусоидати САҲА дар Тоҷикисон  барои гурӯҳҳои русзабон ва тоҷикӣ-даризабон баргузор шуд.

Курси савияи 2-юм аз 13 то 17 октябр ва аз 20 то 24 октябри соли 2014 баргузор карда шуд ва идомаи курси савияи 1-ум оид ба безараргирдонии муҳиммоти таркандаи ҷанг ба шумор мерафт, ки таваҷҷуҳи кишварҳои дигари минтақаро ба худ ҷалб кард.

Муфассал...

Қадам гузоштам дар замини бехатар

Дар чопи 13-уми “Дар амн роҳ рафтан бар рӯи замин” барнома ва шарикиҳое шарҳ дода шудааст, ки Барномаи нобудсозии аслиҳаи муқаррарии ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз соли 1993 ИМА ҷомеаи байналмилалиии донориро дар коҳиш додани таъсирҳои зараровари аслиҳаи муқаррарии аз ҷанг боқимонда роҳбарӣ менамояд, ки ба таври амн нигоҳдорӣ намешаванд, ноустуворанд ва ё ба таври ғайриқонунӣ харидуфурӯш мешаванд,.

Муфассал...

 

Чорабиниҳо

Май 2017
Д С Ч П Ҷ Ш Я
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

Сабти ном