Душанбе, 10 июли 2015 – Имрӯз дар Душанбе курси омӯзишии ҳаштрӯза оид ба сатҳи сеюми безараргардонии муҳимоти тарканда анҷом ёфт, ки бо мусоидати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои иштирокчиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст.
Дар курси омӯзишӣ ҳаждаҳ нафар намояндагони қуваҳои мусаллаҳи миллӣ, мақомоти мубориза алайҳи минаҳо ва ожонсиҳои мусоидаткунанда аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок карданд. Ҳамин тариқ, дар минтақа гурӯҳи дуюми омӯзгороне, ки тибқи стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо сертификатсия шудаанд, омӯзиши худро хатм намуданд.
Душанбе, 3 июни соли 2015 – Имрӯз дар шаҳри Душанбе курси омӯзишии ҳаштрӯза оид ба Безараргардони муҳимоти тарканда (БМТ) Сатҳи 3 бо забонҳои тоҷикӣ ва дарӣ ба анҷом расид. Курси мазкур бо мусоидати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки хатмкунандагони он бори аввал дар минтақа соҳиби сертификатсия тибқи стандартҳои байналмилалии фаъолияти зидди минаҳо гаштанд.
Шонздаҳ нафар шунавандагон – аксаран аз ҳайати қувваҳои мусаллаҳи миллӣ, бо шумули намояндагони мақомоти миллии танзими фаъолияти зидди минаҳо аз Тоҷикистон ва Афғонистон курси мазкурро хатм намуданд.