Рӯзи 20 апрели соли 2016, дар Душанбе зиёда аз 40 нафар мутахассисон аз Афғонистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба безараргардонии муҳимоти таркандаро, ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дардоираи як лоиҳаи бисёрсола ташкил карда шудааст, хатм намуданд.
Курси омӯизшӣ, ки сатҳҳои якум ва дуввуми барномаи таълимӣ оид ба безараргардонии муҳимоти таркандаро тибқи стандартҳоибайналмидлалии мубориза алайҳи минаҳо фаро мегирад, дар Маркази омӯзишии саҳроии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Лоҳур баргузор гардид. Ҳайати иштирокчиён аз намояндагони қувваҳои мусаллаҳи миллӣ, мақомоти ҳамоҳангсозии мубориза бо минаҳо ва идораҳои шаҳрвандӣ иборат буд, ки бевосита бо мубориза бо хатарҳои муҳимоти тарканда машғул ҳастанд.
Рӯзи 29 марти соли 2016, дар бинои Дафтари САҲА дар Душанбе семинари чоррӯза оид ба идоракунии хатарҳои муҳимоти тарканда. Киаз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ташкли карда шудааст, ба кор оғоз кард.
Дар чорабинӣ ҳаждаҳ нафар менеҷерҳо ва омӯзгорон дар соҳаи коҳишдиҳии хатарҳо ва мубориза бо муҳимоти тарканда аз қувваҳои мусаллаҳи миллӣ, мақомоти ҳамоҳангсозии мубориза бо минаҳо ва идораҳои марбута аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида иштирок доранд.