Тренингҳо

  • Курс оид ба БМТ
  • Курс дар хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он
  • Курси омӯзиш барои тренерҳо
image

Курс оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда

Безараргардонии муҳимои тарканда аз ошкорсозӣ, муайянсозӣ, баҳодиҳӣ, безиёнсозӣ, баровардан ва нобуд кардани муҳимоти тарканда (МТ) иборат аст. Дар маҷмуъ, барномаи омӯзишии БМТ аз панҷ курси пайдарпай, шуруъ аз БМТ сатҳи то ду курси тахассусси БМТ Сатҳи 3+, иборат аст.

Муфассал
 
image

Курс оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он

Огоҳӣ аз хатари таркиш (ХТ) ва коҳиш додани хавфҳои он аз амлҳое иборат аст, ки эҳтимолият ё шиддати зиёни ҷисмонӣ ба одамон, амвол ва муҳити атрофро коҳиш медиҳад. Курс оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш (ХТ) ва коҳиш додани хавфҳои он ба пешниҳод намудани дониш, малакаҳо ва тарзи амал равона шудааст, ки ба дарк ва тағйирёбии рафтори шахсони таҳти хавф қарордошта (гурӯҳҳои ҳадафманд) мусоидат менамояд.

Муфассал
 
image 

Курси омӯзиш барои тренерҳо

Курси омӯзиш барои тренерҳо (ТоТ) барои омода намудани тренерҳо аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо мақсади гузаронидани омӯзиш оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он пешбинӣ шудааст. ТоТ фароҳам овардани фаҳмиши усулҳо ва меӣодикаҳои мушаххаси таълим ва омӯзиши калонсолон ва инчунин, тарҳрезӣ, арзёбӣ ва рушди минбаъдаи чорабинии омӯзиширо барои тренерҳои оянда фароҳам меорад.

Муфассал
 

2015 Гаштугузори бехатар дар рӯи замин:Тоҷикистон

Мероси минаҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон асосан бо фаъолияти мудофиавии Русия алоқаманд аст, ки ба пешгирии убури сарҳади Афғонистон аз ҷониби ҷангиён ва қочоқчиёни маводи мухаддир мебошад. Минаҳои рӯизаминӣ ва муҳимоти нотаркида, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 боқӣ мондаанд, низ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи марказии Тоҷикистон дар водии Рашт монеъ мегарданд ва дастрасӣ ба заминҳои кишоварзиро маҳдуд месозанд. Ӯзбекистон қад-қади сарҳадҳои шимолӣ ва ғарбии Тоҷикистон минаҳо гузоштааст, ки баъзеи онҳо ба қитъаҳои демаркатсия нашудаи сарҳад гузаштаанд. Ғайр аз ин, дар натиҷаи низоъи чандинсола ва шаффофии сарҳад бо Афғонистон, дар Тоҷикистон миқдори зиёди аслиҳаи хурд ва оташфишон ҷамъ шудааст, ки хуб муҳофизат намешаванд ва ҳам ба амнияти миллӣ ва ҳам ба амнияти минтақавӣ таҳдид менамоянд.

Ашхоси расмӣ аз Осиёи Марказӣ бо мақсади васеътар намудани дониши худ оид ба коҳиш додани хатари воситаҳои тарканда, бо дастгирии САҲА ба Босния ва Ҳерсеговина сафар намуданд.

Амалияҳои пешрафта дар соҳаи коҳиш додан ва бартараф сохтани хатари воситаҳои тарканда дар маркази таваҷҷуҳи сафари серӯзаи ҳайат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Сараевои Босния ва Ҳерсеговина қарор доштанд. Сафар бо дастгирии САҲА баргузор гардида, дар таърихи 19 ноябри соли 2015 хотима ёфт.
Дар давоми сафар, ки онро Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Миссияи САҲА дар Босния ва Ҳерсеговина якҷоя ташкил намуданд, 14 намояндагони қувваҳои мусаллаҳи миллӣ, мақомоти мубориза алайҳи минаҳо ва ожонсиҳои мусоидаткунанда аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳамтоёни худ аз Босния ва Ҳерсеговина таҷрибаашонро мубодила карданд ва масъалаҳои марбут ба амалиёти нигаҳдории сулҳро баррасӣ намуданд.

Муфассал...

Чорабиниҳо

Ферал 2019
Д С Ч П Ҷ Ш Я
28 29 30 31 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 1 2 3

Сабти ном