Шабакаи коршиносон, мутахассисон ва таҷрибадоронеро муттаҳид месозад, ба коҳиш додани хатари таркишҳо Осиёи Марказӣ манфиатдорнад. Он шахсонеро муттаҳид менамояд, ки собиқаи кориашон бо таҷҳизоти низомӣ, идоракунии лавозимоти ҷангӣ ва безараргардонии башардӯстона алоқаманд аст. Ин нафарон дар артиш, бахши амният, ва инчунин, дар созмонҳои миллӣ оид ба безараргардонии башардӯстона хизмат мекунанд. Муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои коршиносии байналмилалӣ дар соҳаи коҳиш додани хатари таркишҳо, ки дар лоиҳаи САҲА иштирок доранд, низ ба ин шабака дохиланд.
Шабака ба коршиносон ва таҷрибаомӯзон имкон медиҳад, ки:
ба талошҳои САҲА оид ба эҷод намудани боварӣ ва амният саҳм гузоранд ва ба ҳамкории техникӣ дар коҳиш додани хатари таркишҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд.
Веб-саҳифаи барномаи ICExH, яке аз платформаҳои муштараки асосии шабакаи коршиносон аст. Воҳиди мусоидат ба ҳамкории барномаи ICExH идоракунии ин саҳифаи интернетии хеле боэътимод ва бехатарро, ки ба таври шабонарўзӣ дар тӯли тамоми ҳафта дастрас аст, идора мекунад.