Slide

Дар Маркази таълимии минтақавӣ оид ба безараргардонии маводи тарканда, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, аввалин бор таҳти роҳбаладии мутахассисони тоҷик курси безараргардонии маводи тарканда оғоз гардид

16 сентябри соли 2024 дар Маркази минтақавии таълимии безарарсозии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, курси бошиддати сеҳафтаинаи безарарсозии маводи тарканда Сатҳи 1 оғоз гардид. Ин барнома нуздаҳ нафар мутахассисони варзидаи соҳаи минарӯбӣ, аз ҷумла шонздаҳ мард ва се занро аз саросари Осиёи Марказӣ бо малака ва донишҳои бунёдӣ барои амалиёти бехатар дар ҷаҳони мураккаби маводи тарканда муҷаҳҳаз месозад.

Иштирокчиён аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз омӯзиши ҷиддӣ мегузаранд, ки таълими назариявиро бо тақлиди вазъиятҳо ва машқҳои амалӣ муттаҳид месозад. Ҳадафи ниҳоии онҳо ин аст, ки маҳорати ошкор, истихроҷ кардан ва нобудсозии маводи тарканда ва ба ин васила таъмини амнияти ҷамоаҳои худ ва саҳм гузоштан ба суботи минтақавиро аз худ кунанд.

Маросими ифтитоҳии курс шаҳодат аз ҳамкориҳои байналмилалӣ дар атрофи ин ташаббуси хаётбахш буд. Намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USARCENT) дар он ширкат доштанд.

Кэрри Ли, Муовини роҳбари ҳайати намояндагии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба нерӯи таҳаввулбахши ҳамкорӣ дар таҳкими сулҳ ва амнияти минтақавӣ таъкид кард. “Тавассути фаъолияти муштарак мо барои наслҳои оянда ҷаҳони бештар бехатарро эҷод мекунем”, - қайд кард ӯ.

Татяна Туркан, Муовини роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ин ақидаро дастгирӣ карда, нақши ин барномаро дар таҳкими ҳамкориҳо ва иқтидори минтақавӣ таъкид кард. “Ин лоиҳа ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки хатарҳои маводи таркандаро тавассути роҳҳои ҳалли устувор бо назардошти манфиатҳои маҳаллӣ идора кунанд”.

Курси безараргардонии маводи тарканда Сатҳи 1 ба ӯҳдадории васеътари САҲА дар самти амалиёти минарӯбии башардӯстона мувофиқат мекунад. Бо мусоидат ба ҳамкорӣ ва баланд бардоштани таҷриба, ин ташаббус ба рафъи хатарҳо ва таъсири минаҳои рӯйизаминӣ ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ дар минтақа саҳми назаррас мегузорад.

Fuse
© ICExH. All rights reserved..