Slide

Доктор Теа Ҷалиашвилӣ дар таҷлили 20 солагии Барномаи Тоҷикистон оид ба амалиёти зидди минаҳо ширкат варзид

Рӯзи 31 май дар шаҳри Душанбе Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, доктор Теа Ҷалиашвилӣ дар таҷлили 20 солагии Барномаи Тоҷикистон оид ба амалиёти зидди минаҳо ширкат варзид. Чорабинии мазкурро Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масоили минаҳо бо дастгирии Дафтари барномаҳо доир намуд. Дар вохӯрӣ 150 нафар аъзои ҷомеаи кор дар масоили минарӯбӣ дар саросари Тоҷикистон гирди ҳам омаданд. Иштирокчиён ба дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоте, ки Тоҷикистон дар давраи барпокунӣ, милликунонӣ ва рушди барномаи миллии минарӯбӣ дучор шуда буд, қайд карданд.

Чорабинӣ инчунин ҳамчун платформа барои таъкид кардани хатари минаҳо ба давлатҳо ва мардум хизмат кард.

Fuse
© ICExH. All rights reserved..