
Permanent Representatives visited the OSCE-supported Regional Explosive Hazards Training Centre
Намояндагони доимии Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва ИМА дар САҲА дар идомаи сафари кории худ ба Тоҷикистон ба Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи Вазорати дифои Тоҷикистон дар Чимтеппа, воқеъ дар назди Душабе ташриф оварданд. Сафирон бо фаъолият ва шароити таълимии Марказ шинос шуда, намоиши тартиби поккунии зеризаминии маводи нотаркида бо истифода аз детекторҳоро аз ҷониби афсарони Вазорати корҳои дохилӣ тамошо карданд.