Slide

САҲА ба сафари ҳайати Конгресси ИМА[??] ба Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи тарканда мусоидат кард

11 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба ташрифи ҳайати намояндагони Конгресси ИМА ба Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.
Зимни боздид директори Маркази таълимӣ полковник Сулаймон Қодирзода бо маърӯзаи муфассал дар бораи фаъолияти Марказ баромад намуд.

Ҳайати намояндагон инчунин тавонист намоиши амалии муайян кардани маводи таркандаро бубинад ва шоҳиди он шавад, ки чӣ гуна таҷҳизоти безараргардонии минаҳои дастраснамудаи Артиши марказии Иёлоти Муттаҳида дар таълими безарарсозии маводи тарканда истифода мешавад. Аз соли 2013 Департаменти давлатии ИМА рушди механизмҳои ҳамкории техникии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби САҲА амалӣ карда мешавад, барои рафъи хатари маводи тарканда дар минтақа дастгирӣ мекунад.
Сафари мазкур дар чорчӯбаи барномаи «Ҳамкориҳои фарогир дар бартарафсозии хатароти маводи тарканда» ташкил шудааст, ки рушди мақсадноки иқтидор ва кумаки фанниро дар коҳиш ва вокуниш ба хатарҳои маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ таъмин мекунад.
Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз соли 2009 то инҷониб бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, то ба пешрафти кишвар дар самти риояи конвенсияҳои байналмилалии халъи силоҳ ва коҳиши таҳдидҳо ба амният мусоидат кунад.

Fuse
© ICExH. All rights reserved..