САҲА курси минтақавии безараргардонии маводи таркандаро барои мутахассисон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Сербия дастгирӣ кард
27 октябри соли 2023 нуздаҳ нафар мутахассисони безараргардонии минаҳо (18 мард, 1 зан) аз сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти амниятӣ ва ниҳодҳои башардӯстонаи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Сербия Курси сеҳафтаинаи минтақавии безаргардонии маводи таркандаро (лавозимоти ҷангии муқаррарии сатҳи 2) дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чимтеппаро анҷом доданд.
Дар давоми Курси безаргардонии лавозимоти ҷангии нотаркидаи сатҳи 2 иштирокчиён малакаҳои худро дар муайян кардани вақти бехатар баровардан ва интиқол додани намудҳои мушаххаси лавозимоти ҷангӣ, инчунин дар як вақт нобуд сохтани якчанд намуди лавозимоти ҷангӣ тавассути силсилаи дарсҳои назариявӣ ва машқҳои амалӣ бо таваҷҷӯҳ ба бехатарии безаргардонии маводи тарканда, маводи тарканда ва назарияи безараргардонии маводи тарканда, дастгоҳҳо ва намудҳои фуҷур, истифодаи детектори металлӣ, иктишофи лавозимоти ҷангии нотаркида, идоракунии майдони безараргардонӣ ва шарҳи пурраи вазифаҳоро такмил доданд.
Дар маросими пӯшидашавӣ дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводҳои тарканда дар Чимтеппа намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USARCENT) иштирок карданд.
Фаъолият дар доираи нақши васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар сафарбар намудани иштирокчиёни миллӣ ва байналмилалӣ, мусоидат ба муколамаи сиёсӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои амниятӣ ва таҳияи платформаи амалиёти муштарак дар байни давлатҳои узви Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳадафи онҳо ноил шудан ба тағйироти дарозмуддат дар амалиёти минарӯбии башардӯстона мебошад.