Slide

САҲА ҷаласаи 2-юми Шӯрои байналмилалии таълимӣ оид ба хатароти маводи тарканда ва вокуниш ба онҳоро дар Истанбул дастгирӣ кард

Ҳамкории минтақавӣ ва стандартизатсияи вокуниш ба хатароти маводи тарканда метавонад дар коҳиш додани таҳдидҳо ба ҳаёти одамон ва моликият мусоидат кунад. 14-15 декабри соли 2023 дар шаҳри Истамбули Туркия Ҷаласаи 2-уми Шӯрои таълимии байналмилалии САҲА баргузор гардид. Аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази САҲА оид ба пешгирии низоъҳо ташкил карда шуда, ҳадафи ҷаласа муаррифӣ кардани пешрафт дар амалисозии Лоиҳаи ғайрибуҷетии САҲА «Барномаи ҳамкории муташаккил ҷиҳати коҳиш додани хатароти маводи тарканда» буд, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳо дар Душанбе амалӣ карда мешавад.

Вохӯрӣ ба муҳокимаи нақшҳо, масъулият ва ниятҳои иштирокчиёни ҳозира ва ояндаи Шӯрои байналмилалии таълимӣ оид ба хатароти маводи тарканда ва вокуниш ба онҳо нигаронида шуда буд. Иштирокчиён вазифаҳои марбут ба коҳиш додани хатарҳои маводи тарканда ва вокуниш ба онҳо, барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси ҳайати кормандони фаврӣ ва таълимӣ, стандартҳо ва барномаҳои мониторинг ва арзёбӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Ҷанбаҳои муҳими коҳиш додани хатароти маводи тарканда ва системаҳои вокуниш дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Иштирокчиён роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ дар системаҳо ва расмиётро омӯхтанд.

Ҳамчунин ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, зарурати таҳкими системаҳои фаромарзии коҳиш додани хатароти маводи тарканда ва вокуниш ба онҳо таъкид карда шуд. Иштирокчиён нақши муҳими САҲА-ро дар дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар вокуниш ба хатарҳое, ки аз бесуботӣ дар Афғонистон маншаъ мегиранд, эътироф карданд.

Дар ҷаласа 25 ширкаткунанда, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои дифои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, Қӯшунҳои сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дафтарҳои САҲА дар Вена, Остона ва Душанбе, инчунин, агентиҳо аз қабили Кӯмаки мардумии Норвегия, Барномаи рушди СММ ва Маркази миллии минарӯбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Вохӯрӣ бо эътирофи аҳамияти шарикӣ ва дурнамои васеъ дар ноил шудан ба коҳиши самарабахши хатароти маводи тарканда ва вокуниш ба онҳо ба анҷом расид. Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи тарканда ҳамчун як мақомоти калидӣ дар кӯшишҳои таълимӣ ва такмили ихтисос бо нақшаҳои пешрафтҳои оянда ва саҳмҳои ғайринақдӣ қайд карда шуд.

Минбаъд, ӯҳдадориҳои муштарак оид ба такмили системаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба фароҳам овардани муҳити бехатар ва муқовимат ба қочоқи ғайриқонунии яроқу аслиҳаи сабуки оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.

Fuse
© ICExH. All rights reserved..