СА семинари минтақавӣ оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда сатҳи 3+ барои менеҷерҳо оид ба демилитартзатсия дар Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад

Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон курси минтақавии нӯҳрӯзаи САҲА оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда сатҳи 3+ барои зиёда аз 30 нафар коршиносони низомӣ ва шаҳрвандӣ оғоз ёфт.

Иштирокчиён аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон малакаҳои роҳбарии худро дар самти риояи талаботи мушаххаси дастурамалҳо ва амалияҳои байналмилалӣ оид ба роҳҳои бехатар, самаранок ва оқилонаи безараргардонии муҳимоти ҷангӣ ва маводи тарканда такмил хоҳанд дод. Коршиносон аз Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Словения таҷрибаи худро дар ин соҳа мубодила менамоянд.

Қисми назариявии курс дар Маркази таълимии “Шарокат барои сулҳи” Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон (KAZCENT) дар шаҳри Алмаато ва машқҳои амалӣ дар объектҳои ширкати саҳҳомии кушодаи« Казтехнология» дар шаҳри Арис баргузор мегардад.

«Чунин чорабиниҳо барои Вазорати мудофиа Қазоқистон аҳамияти бештар пайдо мекунанд, зеро онҳо ба афзалиятҳои мо мутобиқанд» гуфт Сардори Маркази назорат аз болои аслиҳа ва таъмини санҷишҳои Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Қазоқистон Амангелди Абубакиров. «Дар доираи курси мазкур мо мавзуъҳои муҳимро дар соҳаи безарагардонии муҳимоти тарканда баррасӣ намуда, ба рушд ва амният саҳми муштарак мегузорем».

Колин МакКалаф, корманд соид ба масъалаҳои сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар Қазоқистон чунин иброз дошт: “Соҳаи безараргардонии муҳимоти тарканда таҳлил ва навсозии доимии тамоми захираҳои иттилоотиро талаб мекунад. Илова бар он, тамоми кишварҳо мтавонанд ҳангоми амалӣ намудани тартибу амалияҳои мувофиқ аз таҷрибаи кишварҳои дигар оид ба таъмини амният истифода баранд”.

Лука Бухин, корманди Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон зикр намуд: «Чунин ккрсҳо ба ташаккул ёфтани бпрхӯрдҳои умумӣ ба омӯзиш дар Осиёи Марказӣ тибқи дастурамалҳои техникии байналмиладӣ оид ба аслиҳа ва амалияи пешрафтае, ки аз ҷониби САҲА таҳия шудааст, мусоидат менамоянд ».

Чорабинии мазкурро Вазорати мудофиа Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар остона ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил намудааст. Он аз ҳисоби маблағҳои Идораи нобудсозӣ ва ихтисори аслиҳаи Коӣиботи Давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад.

Семинар як ҷузъи дастгирии дарозмуддати САҲА дар самти рушди механизмҳои ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба посух ба нигароиҳо ва мушкилоти марбут бо муҳимоти тарканда баргузор карда мешавад.

Чорабиниҳо

Апрел 2018
Д С Ч П Ҷ Ш Я
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 1 2 3 4 5 6

Сабти ном