Барномаи ҳамкории маҷмуӣ оид ба хавфҳои воситаҳои тарканда дар Осиёи Марказӣ

Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи амалиёти зидди минаҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, таваҷҷуҳи худро асосан ба ҳамкории байни мақомоти низомӣ равона месозад, вале фаъолияташ бо ин маҳдуд намешавад. Яке аз мисолҳои ҷолибтарин барномаи ғайрибуҷетии САҲА таҳти унвони «Барномаи ҳамкории маҷмуӣ оид ба хавфҳои воситаҳои тарканда дар Осиёи Марказӣ»(ICExH) мебошад, ки аз соли 2013 инҷониб амалӣ карда мешавад. Қаблан барнома бо дастгирии ҳукуматҳои Австрия ва Нидерландия маблағгузорӣ карда мешуд, вале аз соли 2014 инҷониб маблағгузорӣ аз ҷониби Шуъбаи нобудсозӣ ва коҳишдиҳии муҳимоти ҷангии Дафтари низомиву сиёсии Департаменти давлатии ИМА пешниҳод карда мешавад.

САҲА лоиҳаи мазкурро бо мақсади беҳтар сохтани вазъи марбут бо хавфҳои воситаҳои тарканда дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таҳи намудааст. Ба он масъалаҳои безараргаржонии муҳимоти тарканда (БМТ), демилитаризатсияи муҳимоти тарканда ва мубориза бо дастгоҳҳои таркандаи худсохт (ДТХ)дохил мешаванд .

Мустаҳкам намудани эътимод дар Осиёи Марказӣ

Шунавандагон аз Афғонистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, таҷрибаи худ дар соҳаи гузарогидани амалиётҳоиБМТ-ро мубодила мекунанд (ноябри 2015).

Аксро САҲА тақдим намудааст/Нозим Қаландаров.

Гарчандеки миқёси хатарҳои муҳимоти тарканда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуногун аст, ҳукуматҳо, қувваҳои мусаллаҳ ва ташкилотҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳомбо мушкилоти шабеҳ дучор меоянд – аз истифодаи ғайриқонунии маводи таркандаи партофташуда ва беназорат, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли хатарноки муҳимоти ҷангӣ то нокифоягии сармоягузорӣ барои назорати давраи ҳаёти муҳимоти ҷангии коршоям.

Як сислсила таркишҳои ғайричашмдошт дар объектҳои нигоҳдории муҳимоти тарканда дао Осиёи Марказӣ дар тӯли солҳои 2000-ум, аз ҷумла таркиш дар шаҳри Ободони Туркманистон, ки рӯзи 7июли моли 2011 ба амал омад, аз он шаҳодат медиҳанд, ки мушкилоти таҳдиди муҳимоти тарканда доираи васеътари хатарҳоеро дар бар мегирад, ки метавонанд тавассути чорчӯбаи муқаррарии фаъолияти зидди минаҳо ҳаллу фасл карда шаванд ва ба онҳо истифодаи ғайриқонунии муҳимоти таркандаи таркшуда ва нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли хатарноки муҳимоти ҷангӣ дохил мешаванд. Бо назардошти ин, дар оғози соли соли 2012 самти кори худро аз ҳамоҳангсозии минтақавии фаъолияти зидди минаҳо ба дар Осиёи Маркази аз рӯи принсипи «аз боло ба поён» ба бархӯрди «аз поён ба боло» тавассути БМТ, омӯзиш ва идоракунии хавфҳо, нобудсозии аслиҳаи муқаррарӣ, бехатарии захираҳо ва мусоидат ба муколамаи техникии минтақавӣ дар рафти сафарҳои мубодилавӣ тағйир дод. Ин тағйироти муҳим дар тарзи бархӯрд имкон дод, ки тарҳи чорабиниҳо, мавод ва натиҷаҳои пешбинишудаи ICExH таҳия карда шаванд.

Чорабиниҳо

Июл 2018
Д С Ч П Ҷ Ш Я
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Сабти ном