Бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда (БМТ) барои мутахассисони минтақа баргузор шуданд.

ДУШАНБЕ, 30 майи соли 2017 – Бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, имрӯз дар Душанбе ду курси омӯзишии 14-рӯза оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда (БМТ) ба анҷом расиданд. Дар курсҳои мазкур, ки бо забонҳои русӣ ва дарӣ-тоҷикӣ барои гурӯҳҳои мувофиқи иштирокчиён гузаронида шуданд, 42 нафар шунавандагон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

“Барномаи таълимии БМТ, ки бо мусоидати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, тибқи стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо таҳия карда шуда, ба талаботи миллӣ ва минтақавӣ дар маҳалҳо ҷавобгӯ мебошад ” изҳоро дошт Фабио Пиана, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон. “Дафтар бо қаноатмандии хоса қайд менамояд, ки маҳз шарокати амиқ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ имкон дод, ки курсҳои мазкур чаҳоро сол пайдарпай баргузор гарданд ”.

Атташеи низомии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе подполковник Даниел Зайтунян таъкид намуд, ки баланд бардоштани зарфияти миллӣ оид ба коҳиш додани хавфи муҳимоти тарканда ва мубориза бо онҳо ба коҳиш ёфтани таҳдиди ин муҳимот ба бехатарии давлатӣ ва шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мусоидат менамояд. “Чорабиниҳои омӯзишии якҷоя ба таҳия намудани бархӯрдҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти марбут бо муҳимоти тарканда мусоидат намуда, субот ва амниятро мустаҳкам менамоянд”.

Директори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Муҳаббат Иброҳимзода чунин гуфт: “Дар натиҷаи амалиётҳои идомаёбандаи зидди минаҳо ва тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи тахассус, Тоҷикистон аз воридоткунандаи донишу малакаҳо дар соҳаи безараргардонии муҳимоти тарканда ба содироткунадаи чунин донишу малакаҳо дар минтақа ва берун аз ҳудуди он мубаддал гаштааст ”.

Курсҳо, ки дар объектҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд буданд, аз ҷониби омӯзгорони Артиши марказии ИМА (бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шуда, онҳоро Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо сертификатсия намуд. Маблағгузории курсҳоро Шуъбаи нобудсозӣ ва ихтисори муҳимоти ҷангии Котиботи давлатии ИМА ва Ҷумҳурии Федероли Олмон муҳайё намуданд. Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА ва як қатор ташкилотҳо, аз қабили ITF Enhancing Human Security (Словения), «Кӯмаки мардуми Норвегия», Хазинаи безараргардонии минаҳои Швейтсария ва Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо саҳми моддӣ гузоштанд.

Аз соли 2009 инҷониб, САҲА таҳияи механизмҳои ҳамкорӣ байни давлатҳоитОсиёи марказӣ ва Афғонистонро дастгирӣ менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти марбут бо муҳимоти тарканда нигаронида шудаанд.

Чорабиниҳо

Декабр 2018
Д С Ч П Ҷ Ш Я
26 27 28 29 30 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Сабти ном