Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар бораи таъсис додани Маркази таълимии минтақавӣ оид ба муҳимоти тарканда созишнома бастанд

ДУШАНБЕ, 9 ноябри 2017 – Имрӯз дар Душанбе Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон, Сафир Туула Юрёля ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо созишнома дар бораи таъсис додани Маркази таълимии минтақавӣ оид ба муҳимоти таркандаро ба имзо расониданд.

Таъсиси ин марказ тибқи Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба лоиҳаи ғайрибуҷетии САҲА «Барномаи ҳамкории маҷмуӣ оид ба хавфҳои воситаҳои тарканда дар Осиёи Марказӣ» пешбинӣ карда шудааст. Дар доираи ин лоиҳа оид ба созмон додани механизмҳои ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳал намудани масъалаҳо ва мушкилоти марбут бо муҳимоти тарканда кумаки техникӣ расонида мешавад.

«Ёддошти ҳусни тафоҳум саъю кӯшишҳои Вазорати мудофиаи ҶТ ва САҲА-ро дар самти шарокат ва ҳамкорӣ дар мавриди таъсиси Маркази таълимии минтақавӣ оид ба муҳимоти тарканда дар назди мустаҳкам менамояд», - зикр намуд генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо. Вай инчунин қайд кард, ки Вазорати мудофиаи ҶТ дорои эътибори арзанда дар соҳаи баргузоркунии омӯзиҳо оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда ва омӯзишҳои дигар дар минтақа мебошад.

Сафир Туула Юрёля чунин қайд намуд: «САҲА шарикии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ ва мушаххасан Вазорати мудофиаи ҶТ, дар самти тақвият бахшидан ба зарфияти амалиётӣ ва зарфият дар соҳаи омодасозии кадрҳо дар доирари фаъолияти поксозии минаҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешрафта мебошад. Тавассути татбиқи бархӯрди минтақавӣ, САҲА ба кори беҳтар сохтани вазъ дар мавртди муҳимоти тарканда дар Осиёи Марказӣ содиқ аст. Маркази таълимии минтақавӣ оид ба муҳимоти тарканда дар назди Вазорати мудофиаи ҶТ барои ин ибтикорҳо заминаи доимӣ ва устувор фарлҳам меорад».

Аз оғози фаъолияти САҲА дар соли 2013, дар омӯзишҳои дар доираи лоиҳаи ғайрибуҷетии мазкур баргузоргардида зиёда аз 170 нафар омӯзгорон ва коршиносони миллӣ дар соҳаи безараргардонии муҳимоти тарканда омӯзонида ва омода карда шуданд. Омӯзишҳо ба масъалаҳои дастгоҳҳои таркандаи худсохт, безараргардонии муҳимоти тарканда, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз хавфҳои марбут бо муҳимоти тарканда, чораҳои посухӣ ва инчунин расонидани дастгириии тиббӣ ба амалиётҳо оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда бахшида шудаанд.

Дар омӯзишҳо шаҳрвандони Афғонистон, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқисӣон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Туркманистон – намояндагони бештар аз 20 ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар самти бартарафсозии таҳдидҳои муҳимоти тарканда тарканда фаъолият мекунанд – ширкат варзиданд.

Инчунин лоиҳа бароимубодилаи тавриба ва амалияи пешрафта дар сатҳи минтақавӣ дар доираи чораҳои САҲА оид ба мустаҳкам намудани эътимод ва амният заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Чорабиниҳо

Октябр 2018
Д С Ч П Ҷ Ш Я
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

Сабти ном