Шиносоӣ бо стандартҳои идораи захираҳои лавозимоти ҷангӣ

Аз 15 то 19 апрели соли 2019 дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Курси минтақавии “Шиносоӣ бо стандартҳои идораи захираҳои лавозимоти ҷангӣ” баргузор гардиданд. Курси мазкур аз ҷониби Барномаи ҳамкории ҳамаҷониба оид ба бартараф намудани хатарҳои таркишӣ доир карда шуд. 

Дар курси минтақавӣ мутахассисони соҳаи идоракунии захираҳои лавозимоти ҷангии мақомотҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. 

Курс аз ҷониби коршиносони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалии идоракунии захираҳои лавозимоти ҷангӣ анҷом дода шуд. Дар рафти курс масъалаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли нодурусти лавозимоти ҷангӣ, сабабҳои рух додани таркишҳои ғайричашмдошт дар ҷойҳои нигоҳдории яроқу аслиҳа, инчунин роҳҳои пешгирии чунин ҳолатҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

 

Чорабиниҳо

Май 2019
Д С Ч П Ҷ Ш Я
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Сабти ном