САҲА ифтитоҳи Маркази минтақавии таълимӣ оид ба таҳдидҳои таркандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

6 августи соли 2019, намояндагони воломақоми Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Сафорати ИМА дар маросими ифтитоҳи расмии Маркази таълимии минтақавӣ оид ба таҳдидҳои таркандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Таъсиси ин марказ тибқи Ёддошти ҳусни тафоҳум байни лоиҳаи ғайрибуҷетии САҲА “Барномаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар соҳаи маводҳои тарканда”, ки моҳи ноябри соли 2017 ба имзо расидааст, оғоз ёфтааст.

“Таҳкими иқтидор ва дастгирии масъулияти кишвари мизбон дар ин ҷода асоси усули САҲА-ро ташкил медиҳад,” қайд намуд Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. “Дафтари барномаҳои САҲА минбаъд низ платформаеро фароҳам меорад, ки ба интиқоли донишҳои амиқи касбӣ дар сатҳи инфиродӣ ва институтсионалӣ имконият медиҳад”.

Генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали Вазири мудофиа/Сардори Қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иброз намуд: “Ба доираи салоҳиятҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муқовимат ба таҳдидҳои тарканда дохил мешавад.  Барои мо боиси хушнудиии махсус он аст, ки ин маркази таълимии минтақавӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он ба таври васеъ эътироф шудааст”.

Ҷон Марк Поммершайм, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон изҳор намуд: “Иёлоти Муттаҳида як пешвои қавӣ дар фаъолиятҳои башардӯстона дар самти безарарсозии минаҳо, нобуд кардани силоҳҳои муқаррарӣ ва рафъи таҳдидҳои тарканда дар саросари ҷаҳон ва шарики ифтихорманди Барномаи поксозии минаҳо дар Тоҷикистон аст. Бо коҳиш додани ин таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандон, барномаи мазкур арзишҳои аслии Иёлоти Муттаҳидаро оид ба эҳтироми шаъну шарафи ҳар як шахс нишон медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 соли охир ба бисёр дастовардҳо ноил шудааст”.

Лоиҳаи мазкур як қисми кӯшишҳои САҲА оид ба эҷоди механизми ҳамкорӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои боиси нигаронӣ ва мушкилоти ҳангоми нобудсозии маводҳои тарканда ба миёноянда мебошад. Он аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА, Олмон, Австрия ва Нидерланд дастгирӣ карда шуд.

Чорабиниҳо

Август 2019
Д С Ч П Ҷ Ш Я
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Сабти ном