САҲА омӯзиши такмили ихтисос оид ба безараргардонии моддаҳои таркандаро барои масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оғоз мекунад

13-уми октябри соли 2020 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 16 афсари миёна ва баландрутбаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Маркази минатозакунӣ, Кумаки мардуми Норвегия ва Иттиҳоди сапёрон  дар Душанбе як давраи омӯзишии такмили ихтисос оид ба безараргардонии маводи таркандаро оғоз намуд.

Дар доираи курси таълимии 18-рӯза масъалаҳои хатари маводи тарканда дар сатҳи минтақавӣ тавассути ҳамоҳангсозӣ ва муколамаи мунтазами минтақавӣ, инчунин курсҳои омӯзиши техникӣ ва таҳкими иқтидор барои Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти низомӣ дар Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва дигар давлатҳои иштирокчии манфиатдор баррасӣ карда мешаванд.

 

Бо сабаби маҳдудиятҳои мавҷудаи сафарӣ, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин курс иштироки воқеӣ мекунанд.

Курс усулҳо ва тарзҳои ошкор, муайян, баҳодиҳӣ, интиқоли бехатар, безараргардонӣ ва нобудсозии моддаҳои таркандаро дар бар мегирад. Он ба баланд бардоштани малака ва дониши иштирокчиён оид ба пайдо кардан, муайян ва нобуд кардани боқимондаҳои тарканда таҳти назорати муносиб равона шудааст. Курси омӯзиширо ду коршиноси маҳаллӣ аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва як коршиноси байналмилалӣ аз Артиши Марказии Иёлоти Муттаҳида баргузор мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳ масъулини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти давлатии ИМА ширкат варзиданд.

“Ин курс махсусан муҳим аст, зеро он аввалинест, ки дар маркази нав ва аз ҷониби афсарони омӯзишии Вазорати мудофиа бо кӯмаки САҲА гузаронида мешавад”, гуфт Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА.

Полковник Панозода Акобиршо, Муовини сардори Раёсати муҳандисии Вазорати мудофиа гуфт, ки вай ба дастгирӣ ва ҳамкории наздики Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Вазорати мудофиа ва Департаменти давлатии ИМА боварии комил дорад. “Тоҷикистон дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба ҳифзи сулҳ дар кишвар муваффақ хоҳад шуд”, гуфт ӯ.

Родни Робидо, намояндаи Департаменти давлатии ИМА аҳамияти дастгирии доимиро ба Маркази минтақавии таълимӣ оид ба хатарҳои тарканда таъкид кард. “Ман бори дигар тасдиқ мекунам, ки мо ба дастгирии барномаи нобудсозии силоҳҳои муқаррарӣ дар Тоҷикистон содиқем.”

Рушди муассисаи таълимӣ, бахусус таъсиси Маркази минтақавии таълимии Вазорати мудофиа Тоҷикистон оид ба хавфҳои восиатҳои тарканда, барои устувор гардонидани барномаи “Ҳамкории ҳамаҷониба оид ба хатарҳои тарканда” муҳим аст. Лоиҳа ҳадафи интиқоли дониш ва иқтидори таълимӣ оид ба безараргардонии моддаҳои тарканда ба Вазорати мудофиа бо роҳи гузаронидани як қатор курсҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои ба ҳам алоқамандро дорад.

Департаменти давлатии ИМА ва ҳукумати Олмон барномаи “Ҳамкории ҳамаҷонибаи оид ба хатарҳои тарканда” ва ин курси омӯзиширо дастгирии молиявӣ мекунанд.

Чорабиниҳо

Ферал 2021
Д С Ч П Ҷ Ш Я
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28

Сабти ном