Барномаҳои мубодила

Шиносоӣ бо барномаҳои мубодила доир ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он
Барномаҳои мубодила, мутахассисон ва таҷрибадоронро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли масъалаҳои мавзуии мушаххас доир ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он тавассути боздидҳои мубодилавии кӯтоҳмуддат ба ҳам меорад. Барномаҳои мубодила, дар самти дарёфти ҳамкорӣ ва ҳалли муштараки масъалаҳо ва мушкилоти умумӣ, мубодилаи дониш, ғояҳо ва таҷриба аз нуқтаи назари техникӣ кор мебаранд.

Тавсифи мухтасари барномаҳои мубодила
Барномаҳои мубодила, аз рӯӣ талаботи изҳоршуда ва тавсияҳои муштарак тавассути муколама дар соҳаи ҳамкориҳои техникӣ дар Осиёи Марказӣ мутобиқ ва омода карда шудаанд.

Барномаҳои мубодила ба низом ва фаъолиятҳо дар самти дар огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он дар кишварҳои манфиатдори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нигаронида шудаанд. Онҳо аз як қатор семинарҳо ва практикумҳо иборатанд, ки бо кӯмаки мутахассисони ботаҷриба ва сертификатсияшуда дар соҳаҳои дахлдори маҳаллӣ гузаронида мешаванд. Онҳо ҳамчунин боздид аз муассисаҳои давлатӣ ва хусусии маҳаллиро, ки дар барномаҳои ҳадафманд ширкат доранд, дарбар мегиранд.

Ҳадафҳо ва вазифаҳои барномаҳои мубодила
Барномаҳои мубодила, ба таҳкими зарфияти миллӣ оид ба таълими масъалаҳои огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он барои кишварҳои манфиатдори узви САҲА дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи пешқадам равона карда шудаанд.

Ҳадафҳои мушаххаси барномаҳои мубодила:

  • мусоидат ба фаҳмиши минтақавӣ доир ба масъалаҳои огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он тавассути татбиқи мубодилаи фаромарзӣ;
  • дастгирии ташаббусҳои ҳамкорӣ ва шарикӣ, ки ба интиқоли дониш ва таҷрибаи беҳтарин дар байни давлатҳои узв дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.

Гурӯҳҳои фарогирии барномаҳои мубодила
Гурӯҳи фарогирии барномаҳои мубодила мутахассисон/коршиносони дахлдор аз кишварҳои манфиатдор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошанд, ки дар артиш, бахши амният, ва инчунин дар муассисаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо хизмат мекунанд.

Муассисаҳои фарогирӣ идораҳо /шӯъбаҳои дахлдор дар Вазорати мудофиа, нерӯҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Идораи ҳифз ва наҷот/омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва Марказҳои миллии амалиёти зидди минаҳо мебошанд.

Ҷонибҳои қабулкунанда ва ҷойҳои баргузоршавии барномаҳои мубодила
Мутобиқи самти мавзуии мувофиқашудаи барномаҳои мубодила, ҷои баргузоршавӣ (давлат) ва ташкилоти манфиатдори қабулкунанда пешакӣ хабар дода ва тасдиқ карда мешавад.

Чорабиниҳо

Май 2017
Д С Ч П Ҷ Ш Я
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

Сабти ном