Курс оид ба Огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он

Тавсифи мухтасари барномаи омӯзиш
Барномаи омӯзиш оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он мутобиқи стандартҳои дахлдори байналмилалии безараргардонии башардӯстона таҳия карда шудааст.

Ҳадафи барномаи омӯзиш

  • Огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он бо роҳи мусоидат ба тағирёбии рафтор тавассути паҳнкунии маълумоти оммавӣ, таълим ва омӯзиши касбӣ ва алоқа бо ҷомеаҳо;
  • Коҳишдиҳии хавфҳо тавассути иҳота ва нишонагузории минтақаҳои хатарнок.

Мундариҷаи барнома, аз ҷумла, инҳоро дарбар мегирад

  • Таърифи огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он;
  • Усулҳо, воситаҳо ва стратегияҳои огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он;
  • Муайян намудани мақсад ва вазифаҳои огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он;
  • Банақшагирии стратегӣ ва амалиётии барнома;
  • Таҳия ва татбиқи стратегияҳои коммуникатсионӣ оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он;
  • ҳамоҳангсозии огоҳӣ аз хатари таркиши ва коҳиш додани хавфҳои он;
  • Дохил кардани огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он ба барномаҳои таълимӣ миллӣ ва / ё байналмилалӣ;
  • Мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳо ва барномаҳо оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он.
  • Барномаи омӯзиш аз як курс иборат буда, дар ду гурӯҳи забонӣ, яъне гурӯҳи русӣ ва гурӯҳи тоҷикӣ/дарӣ гузаронида мешавад.

Мақсад ва вазифаҳои барномаи омӯзиш
Мақсади омӯзиш таҳкими зарфияти миллӣ оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он дар давлатҳои манфиатдори Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, дар асоси стандартҳои байналмилалӣ.

Вазифаҳои мушаххаси Огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он аз инҳо иборатанд:

  • Беҳтар намудани фаҳмиши умумии стандартҳои байналмилалӣ ва тартиби фаъолият оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он, инчунин тахассусҳо;
  • Баланд бардоштани сатҳи салоҳияти мутахассисон/кормандон оид ба масъалаҳои огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он тавассути барномаи омӯзиши фарогир дар сатҳи бисёрҷониба;
  • Баланд бардоштани зарфияти ниҳодии миллӣ дар самти огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он тавассути: а) таҳия ва пешниҳоди барномаҳо ва маводҳои омӯзишӣ оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он, аз ҷумла стандартҳо; ва б) мустаҳкам намудани зарфияти тренерҳои миллӣ дар масъалаҳои оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он;
  • Мусоидат намудан ба ҳирфаӣ намудани хизматрасониҳо дар самти огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он.

Гурӯҳи фарогирии барномаи омӯзиш
Гурӯҳи фарогирии барномаи омӯзиш мутахассисон/коршиносони дахлдор аз кишварҳои манфиатдор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошанд, ки дар артиш, бахши амният, ва инчунин дар муассисаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо хизмат мекунанд.

Муассисаҳои фарогирӣ - идораҳо /шӯъбаҳои дахлдор дар Вазорати мудофиа, нерӯҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Идораи ҳифз ва наҷот/омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва Марказҳои миллии амалиёти зидди минаҳо мебошанд.

Муассисаҳои таълимӣ
Курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ/коршиносони соҳибихтисос ва эътирофшуда, ки оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он тибқи стандартҳои байналмилалии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо ва дар шарикӣ бо ДдТ гузаронида мешаванд.

Марказҳои таълимӣ
Курсҳои омӯзишӣ дар бинои Вазорати мудофиаи ҶТ, полки хизматрасонии муҳандисӣ дар Душанбе ва Маркази таълимии саҳроии Донишкадаи Ҳарбӣ дар Лоҳур баргузор мегарданд.

Чорабиниҳо

Май 2017
Д С Ч П Ҷ Ш Я
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

Сабти ном