Курси омӯзиш барои тренерҳо

Шиносоӣ бо курси омӯзишӣ барои тренерҳо
Курси омӯзишӣ барои тренерҳо (ТОТ) барои тайёр намудани тренерҳо аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо мақсади гузаронидани омӯзиш оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он пешбинӣ шудааст. Мураббиён бояд аллакай дониш, таҷриба ва малакаи муносибат бо муҳимоти таркандаро дошта бошанд. Курс ба равандҳои идоракунии таҳия, татбиқ ва пайгирии курсҳои омӯзишӣ оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он равона шудааст. ТОТ барои ташаккули фаҳмиши тренерони оянда нисбат ба усул ва техникаи таълими калонсолон пешбинӣ шудааст.

Тавсифи мухтасари тренинг
ТОТ мутобиқи стандартҳои дахлдори байналмилалӣ (аз қабили Стандартҳои байналмилалии амалиёти минаҳо СБАМ 06.10) омода карда шудааст. Он ба гузаронидани курсҳои байналмилалӣ доир ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он равона шудааст.

Мундариҷаи курс ба омӯзиш доир ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он равона карда шудааст:

  • талаботи умумӣ ва расмиёти маъмурии омӯзиш, масалан, талаботи ба муаллимон, таъмини тарҷума, талабот ба ҷои баргузоршавӣ ва нақлиёт, дастгирии тиббӣ ва зидди сўхтор, алоқа, санҷиш, талабот оид ба мониторинг ва арзёбӣ;
  • таҳлили ниёз ба омӯзиш (аз ҷумла таҳлили дониш, маҳорат ва муносибатҳо), ки аз таҳлили ташкилот, таҳлили вазифаҳо ва талабот ба омӯзиш бармеояд;
  • таҳия ва омода намудани омӯзиш, аз ҷумла муҳтавои омӯзиш, намуди таълим (умумӣ, ибтидоӣ, бозомўзӣ ва омӯзиши бардавом), таҷрибаи омӯзиш, гузаронидани омӯзиш (роҳнамо, як ба як, ҷаласаҳои гурӯҳӣ, лексияҳо ва семинарҳо) ва санҷиш;
  • идоракунии омӯзиш, масалан, нақшаҳо ва вазифаҳои дарсҳо, тавсифи фаъолият ва семинарҳо, омода намудани воситаҳои санҷиш, номгўи таҷҳизоти таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, маводҳои ва тайёр намудани расмиёти маъмурӣ;
  • малака ва таҷрибаи таълим, масалан, таҳияи мавод, маҳорати муаррифӣ, хислатҳои шахсӣ ва аккредитатсияи омўзгорон;
  • мониторинг ва арзёбии омӯзиш, аз қабили баҳодиҳии ҳамаҷонибаи тренерони дохилӣ ва беруна, ташриф ба маҳалҳо, муҳокимаҳо ва саволномаҳо;
  • масъулияти ҷонибҳои манфиатдор, аз қабили мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва сертификатсияи миллӣ, операторҳои омӯзиш ва коромӯзон;
  • хусусиятҳои ҷуғрофӣ, яъне стратегияҳои таълимӣ барои калонсолон.

Ҳадфҳо ва вазифаҳои тренинг
Курси ТОТ барои таҳкими зарфияти миллии оид ба омӯзиш доир ба огоҳӣ аз хатарҳои таркиш ва коҳиш додани хавфи онҳо барои давлатҳои манфиатдори узви САҲА дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи беҳтарин нигаронида шудааст.

Ҳадафҳои мушаххаси курси ТоТ:

  • баланд бардоштани фаҳмиши умумӣ ва стандартизатсияи равишҳои омӯзиш ва тахассуси тренерҳо дар сатҳи инфиродӣ ва ниҳодӣ доир ба масъалаҳое, ки ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он алоқаманданд;
  • баланд бардоштани қобилияти техникии мутахассисони Осиёи Марказӣ дар самти гузаронидани тренинг оид ба ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфи он;
  • мусоидат ба ҳирфаӣ намудани хизматрасонии омӯзиш дар соҳаи огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он, ки аз ҷониби мақомоти низомӣ ва мақомотҳои давлатии дигар гузаронида мешаванд;
  • ташкил кардани захираи минтақавии тренерони баландихтисос ва сертификатсияи онҳо дар соҳаи огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он, ки мумкин аст барои гузаронидани тренингҳои минбаъда бо дастгирии САҲА истифода бурда шаванд.

Гурӯҳи фарогирии барномаи омӯзиш
Гурӯҳи фарогирии барномаи омӯзиш мутахассисон/коршиносони дахлдор аз кишварҳои манфиатдор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошанд, ки дар артиш, бахши амният, ва инчунин дар муассисаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо хизмат мекунанд.

Муассисаҳои фарогирӣ идораҳо /шӯъбаҳои дахлдор дар Вазорати мудофиа, нерӯҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Идораи ҳифз ва наҷот/омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва Марказҳои миллии амалиёти зидди минаҳо мебошанд.

Шарти ҳатмӣ барои иштирок дар курси ТоТ иштироки қаблии бомуваффақият дар барномаи ICExH оид ба БМТ ва огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он ё хатм намудани курсҳои сертификатсияшудаи БМТ сатҳи 3 ва огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он мутобиқи стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо мебошад.

Муассисаҳои таълимӣ
Курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ/коршиносони соҳибихтисос ва эътирофшуда, ки оид ба огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфҳои он тибқи стандартҳои байналмилалии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо таълим гирифтаанд, дар шарикӣ бо ДдТ гузаронида мешаванд.

Марказҳои таълимӣ
Курсҳои омӯзиш дар бинои Вазорати мудофиаи ҶТ, полки хизматрасонии муҳандисӣ дар Душанбе ва Маркази таълимии саҳроии Донишкадаи Ҳарбӣ дар Лоҳур баргузор мегарданд.

Чорабиниҳо

Июн 2017
Д С Ч П Ҷ Ш Я
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 1 2

Сабти ном