Slide

Тренингҳо

Последние новости

САҲА иқтидори минтақавии кишварҳои Осиёи Марказиро дар дастгирии тиббии амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда тақвият медиҳад.

Аз 3 то 13 августи соли 2026, дар Маркази амалиёти сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Алмаато курси таълимии минтақавии САҲА оид ба дастгирии тиббии амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда (БМТ) баргузор гардид.

Омӯзиши мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) бо ҳамкории Маркази назорати силоҳ ва дастгирии бозрасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистонбаргузор карда шуд.

Ҳадафи курс тақвияти тавонмандии касбии кормандони тиббии низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон тақвияти донишу малакаҳои амалии зарурӣ барои таъмини дастгирии муассири тиббӣ ва таъмини аксуламали саривақтӣ ҳангоми амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда буд.

Омӯзиши дастгиринамудаи САҲА оид ба безараргардонии маводи тарканда ҳамкориҳои минтақавиро байни Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият медиҳад

Панҷ хизматчии Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон омӯзиши Безараргардонии маводи тарканда (БМТ) сатҳи 3-ро дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият хатм карданд. Омӯзиши сеҳафтаина аз 6 то 24 июли соли 2026 баргузор шуда, бо маросими супоридани сертификатҳо дар Душанбе 24 июли соли 2026 ба итмом расид.

Иштирокчиён қаблан омӯзишҳои безараргардонии маводи тарканда сатҳҳои 1 ва 2-ро дар солҳои 2025-2026 хатм карда буданд. Се модул якҷоя барномаи таълимии фарогирро ташкил медиҳанд, ки дар доираи лоиҳаи ғайрибуҷавии «Коҳиш додани хатари паҳншавии ғайриқонунии яроқи сабуки оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда тавассути сарҳадҳои Ҷумҳурии Қирғизистон» амалӣ карда мешавад.

САҲА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати доир намудани омӯзиши безараргардонии маводи тарканда дар вилояти Суғд дастгирӣ кард

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Курси ибтидоии таълимии безараргардонии маводи тарканда, ки аз 15 то 27 июни соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд баргузор шуд, иқтидори миллиро дар амалиёти башардӯстонаи безараргардонии минаҳо тақвият дод.

Омӯзиши мазкур, ки аз ҷониби Маркази минтақавии таълимии Вазорати мудофиа оид ба безараргардонии маводи тарканда баргузор шуд, омодагии доимии Вазоратро барои рушди иқтидори устувори миллии безараргардонии маводи тарканда нишон дод. Ҳамзамон он нақши Маркази минтақавии таълимиро ҳамчун маркази таълими таҷрибаи пешқадами безараргардонии маводи тарканда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дод.

Даври нави пурраи курси минтақавӣ оид ба нобудсозии маводи тарканда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид

Аз 26 апрел то 1 майи соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҳайати намояндагони вазоратҳои мудофиаи Австрия ва Швейтсарияро  мизбонӣ кард.

Ҳайатисарпарастон аз намояндагони Вазорати мудофиаи федералии Австрия, Директорати генералии сиёсат дарсоҳаи мудофиа, Маркази устуворсозии байналмилалӣ, санҷиш ва назорати силоҳ, инчунин намояндаи Департаменти мудофиаи федералии Швейтсария иборат буд. Котиботи САҲАро Воҳиди лоиҳаҳои Форуми ҳамкории амниятӣ намояндагӣ кард.

Regional Explosive Hazards Training Centre
——————————————————————
Integrated cooperation on explosive hazards

Барои тамос

Соня Станисавлиевич, Mудири барнома
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
+992 987-79-00-13

Шахноза Содикова, Ҳамоҳангсози миллии лоиҳа
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
+992 985-12-00-94

Абдуғани Ваҳобов, Афсари милли оид ба омӯзишҳо
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
+992 985-84 32 81

Асафбек Шоназаров, Афсари милли оид ба омӯзишҳо
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
+992 985-84-33-45

Дафтари САҲА дар Душанбе
Кӯчаи А. Дониш 18а, утоқи 122
Душанбе, Тоҷикистон 734012

+992 (37) 226-50-14/15/16
+992 (37) 251-01-37 

Fuse
© ICExH. All rights reserved..