Омӯзиши заминавӣ доир ба безараргардонии маводи тарканда иқтидори Тоҷикистонро тақвият медиҳад
Курси омӯзиши дуҳафтаинаи (18-30 августи соли 2025) заминавӣ доир ба безараргардонии маводи тарканда барои 14 нафар (ҳама мардон) аз Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 август ба анҷом расид.
Омӯзиши мазкур, ки ба такмили малака ва донишҳои амалӣ нигаронида шуда аст, аз ҷониби роҳбаладони таълимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони Маркази минтақавии таълимии безараргардонии маводи таркандаи назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистондар гузаронида шуд.
Дар доираи барномаи омӯзишӣ иштирокчиён донишу малакаҳои муҳими безараргардонии маводи таркандаро мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ азхуд карданд. Иштирокчиён дар самтҳои калидӣ, аз қабили назарияи маводи тарканда, протоколҳои бехатарии безараргардонии маводи тарканда ва усулҳои самараноки нобудсозии онҳо дастур гирифтанд.
Қисмати муҳими курс аз машқҳои амалӣ иборат буд. Ин машқҳо таҷрибаи амалиро дар расмиёти асосии безараргардонии маводи тарканда, аз ҷумла шинохти хатар, муайян кардани маводи тарканда ва аломатгузории бехатари минтақаҳои хатарнок фароҳам оварданд. Ин самти кори амалӣ татбиқи бевоситаи малакаҳои бадастомадаро дар ҳолатҳои воқеӣ таъмин мекунад.
Ин иқдом иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои вокуниши муассир ба хатарҳои маводи тарканда тақвият медиҳад. Он инчунин саъю кӯшиши қавӣ ба мусоидат ба сулҳ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муҳими коҳиш додани хатари маводи таркандаро нишон медиҳад.
Ҳамкории Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи тарканда аҳамияти шарикиро дар тақвияти иқтидори миллӣ ва эҷоди муҳити амн нишон медиҳад.
