Slide

Барои афсарони Вазорати мудофиа курси семоҳаи омӯзиши забони англисиро ташкил кард

Мутобиқи дархости Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои афсарони Вазорати мудофиа курси семоҳаи омӯзиши забони англисиро ташкил кард. Курси омузиши, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад, аз 30 июн то 17 сентябри соли 2021 дар Душанбе гузаронида шуд. Иштироккунандагони курс чор афсар-инструктори безараргардонии мухимоти тарканда (БМТ) аз Маркази таълимии минтақави оид ба хавфи мухимоти тарканда буданд.

Омӯзиш як қисми талошҳои таҳкими тавонмандӣ дар доираи Барномаи «Ҳамкории ҳамаҷониба оид ба кохищ додани хавфи маводи тарканда”-и САҲА» (ICExH) буд. Кормандони лоиҳаи ICExH бо омӯзгори забони англисӣ зич ҳамкорӣ карданд, то дарсҳо интерактивӣ бошанд, истилоҳҳои безараргардонии башардустонаи минаҳо ва БМТ-ро дар бар гиранд ва ба талабот ва малакаҳои инфиродии ҳар як шунаванда ҷавобгӯ бошанд. Иштирокчиён бо маводи таълимӣ - китобҳои дарсӣ, луғат ва дафтари дарсҳои электронӣ таъмин карда шуданд. Дафтари САҲА дар Душанбе ба давлатҳои аъзо аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар ҳалли нигарониҳо ва мушкилоте, ки аз хатари мухимоти тарканда бармеоянд, мувофиқи тадбирҳои таҳкими боварӣ ва амнияти САҲА дастгирӣ мекунад.

Fuse
© ICExH. All rights reserved..