Slide
Slide

Шиносоӣ бо безараргардонии муҳимои тарканда

Безараргардонии муҳимои тарканда (БМТ) - Explosive Ordnance Disposal (EOD)аз ошкор, муайянсозӣ, баҳодиҳӣ, безиёнсозӣ, баровардан ва нобуд кардани муҳимоти тарканда (МТ) иборат аст. МТ ҳамаи муҳимоти дорои маводи тарканда, маҳсулоти таҷзияи ё синтези маводи ҳастаӣ ва маводи биологӣ ва кимиёвӣ мебошанд. Ба он бомбаҳо ва саракҳо; ракетаҳои баллистикӣ ва идорашаванд; муҳимоти артиллерӣ, миномет, мушакӣ ва муҳимот барои аслиҳаи тирандоз; ҳамаи минаҳо, торпедаҳо ва бомбаҳои жарф; пиротехника; муҳимоти хӯшавӣ и диспенсерҳо; картриҷҳо ва дастгоҳҳои партобкунанда; таҷҳизоти таркиши барқӣ; таҷҳизоти таркишии ниҳон ва худсохт; ва ҳамагуна ашёи шабеҳ ва тавъам ё ҷузъҳои маводи тарканда дар табиат дохил мешаванд.

БМТ метавонад бо чунин мақсадҳо амалӣ карда шавад:

  • Барои безарагардонии МТ, ки дар натиҷаи бад шудани ҳолат, зиён дидан ё кӯшиши нобудсозӣ хатарнок гаштааст;
  • Барои безарар гардонидани муҳимоти ҷангии натаркида (МҶН), муҳимоти ҷангии боқимонда (МҶБ), ва инчунин таҷҳизоти таркишии худсоз ва ғайра.

Тавсифи мухтасари барномаи омӯзиш

Барномаи таълимӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти Шартнома-семинари Кумитаи стандартизатсияи Аврупо барои муҳимоти тарканда (CWA15464: 2005) омода карда шудааст. Омӯзиши тахассусӣ барои БМТ 4 оид ба демилитаризатсия мутобиқ ба дастури САҲА оид ба таҷрибаи пешқадам дар соҳаи аслиҳаи оддӣ ва Роҳнамои техникии байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳимоти ҷангӣ (IATG) амалӣ карда мешавад.

Барномаи омӯзишии БМТ дар маҷмуъ панҷ курсҳои пайдарпайро дарбар мегирад, аз БМТ 1 оғоз шуда, бо ду омӯзиши тахассусӣ дар БМТ сатҳи 4 хотима меёбад. Тренингҳо дар ду гурӯҳи забонӣ, мушаххасан барои иштирокчиён ва гурӯҳҳои иштироккунандаи тоҷикӣ/дарӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Шарҳи умумӣ ва мақсади омӯзиш аст дар зер дода шудааст.

САТҲ ТАВСИФИ УМУМӢ/ҲАДАФҲОИ ОМӮЗИШ
БМТ - Сатҳи 1 Операторҳои сатҳи якум бояд дорои қобилиятимуайян, ошкор, ва дар ҷояш нобуд кардан (таҳти назорати мувофиқ)-и муҳимоти алоҳидае, ки оиди он махсус омўзонида шуданд, бошанд.
БМТ - Сатҳи 2 Операторони сатҳи дуюм бояд дорои қобилияти ошкор, муайян намудан, сарукор гирифтан, интиқол ва нобуд кардани якчанд адад муҳимоте, ки оиди онҳо махсус омўзонида шуданд, бошанд.
БМТ - Сатҳи 3 Операторҳои сатҳи сеюм бояд дорои қобилият оид ба тартиби бехатар сохтан ва безараргардонии ниҳоии ягон намуди муҳимоти тарканда, ба истиснои ихтисосҳои дар сатҳи чорум номбаршуда, бошанд.
БМТ - Сатҳи 4 (тахассуси 1)

Операторҳои сатҳи чорум, онҳое ки дар доираи барномаи таълимии ICExH БМТ дорои қобилияти иҷрои вазифаҳои махсус оид ба демилитаризатсияи муҳимоти тарканда мебошанд.

БМТ - Сатҳи 4 (тахассуси 2) Операторҳои сатҳи чорум, онҳое ки дар доираи барномаи омодасозии ICExH БМТ, дорои қобилияти иҷро кардани вазифаҳои махсус оид ба безараргардонии таҷҳизоти таркандаи худсохт мебошанд.

Мақсадвавазифаҳоибарномаиомӯзиш

Барномаи таълимии БМТ ба беҳтар намудани зарфияти миллӣ дар соҳаи амалиётҳои БМТ дар давлатҳои манфиатдори узви САҲА дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, равона карда шудааст.

Ҳадафҳои мушаххаси барномаи омӯзиши БМТ: 

  • боло бурдани сатҳи фаҳмиши умумии БМТ, меъёрҳои байналмилалӣ ва тартиботи амалиётӣ, инчунин тахассусҳо;
  • баланд бардоштани салоҳияти коршиносон/кормандон доир ба гузаронидани амалиёт тавассути як барномаи омӯзиши БМТи фарогир дар сатҳи бисёрҷониба;
  • а) таҳия ва паҳн намудани барномаҳо/нақшаҳо ва маводи омӯзишӣ оид ба БМТ, аз ҷумла меъёрҳо ва б) тайёр намудани тренерони миллӣ оид ба БМТ;
  • мусоидат дар ҳирфаӣ намудани хизматрасонии БМТ аз тарафи мақомоти низомӣ ва мақомоти дигари давлатӣ. 

Гурӯҳифарогириибарномаиомӯзиш

Гурӯҳи фарогирии барномаи омӯзиш мутахассисон/коршиносони дахлдор аз кишварҳои манфиатдор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошанд, ки собиқаи кориашон бо таҷҳизоти низомӣ ва/ё идоракунии муҳимоти ҷангӣ (тахассус дар БМТ ва лавозимоти техникӣ) марбут аст ва дар артиш, бахши амният, ва инчунин дар муассисаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо хизмат мекунанд.

Муассисаҳои таълимӣ

Курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ/коршиносони соҳибихтисос ва эътирофшуда, дар соҳаи БМТ ва демилитаризатсияи МТ (курсҳои омӯзиши C-IEDD) мутобиқи стандартҳои Созишнома-семинари CEN оид ба БМТ, IATG ё дигар меъёрҳои байналмилалии дахлдор дар ҳамкорӣ бо ДдТ гузаронида мешаванд. Дар сурати зарурат, ДдТ кори муассисаҳои таълимиро бо имкониятҳои омӯзишии худ пурра мегардонад.

Марказҳои таълимӣ

Курсҳои омӯзиш дар бинои Вазорати мудофиаи ҶТ, полки хизматрасонии муҳандисӣ дар Душанбе ва Маркази таълимии саҳроии Донишкадаи Ҳарбӣ дар Лоҳур баргузор мегарданд.

Курс оид ба огоҳӣ аз хатари таркиши ва коҳиш додани хавфҳои он

Шиносоӣ бо огоҳӣ аз хатари таркишҳо ва коҳиш додани хавфҳои онҳо

Сатҳи огоҳӣ аз хатари таркишҳо ва коҳиш додани хавфи онҳо амалҳое мебошанд, ки эҳтимолият ва/ё шиддати зиёнро ба одамон, моликият ва муҳити зист коҳиш медиҳад. Сатҳи огоҳӣ аз хатари таркиш ва коҳиш додани хавфи онҳоро бо чораҳои ҷисмонӣ ба монанди поксозӣ, иҳотакунӣ ё нишонагузорӣ, ё тағйироти рафторӣ дар натиҷаи омӯзиши хатарҳо ноил шудан мумкин аст.

Fuse
© ICExH. All rights reserved..